2 Феврал 2024 - 15:17
Таъкиди Амирабдуллоҳиён бар зарурати идомаи талошҳо барои таваққуфи ҷиноёти режими саҳюнистӣ дар Ғазза

Ҳусайни Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Эрон дар гуфтугӯи телефонии Зиёд Нахола, дабири кулли Ҷумбиши ҷиҳоди исломии Фаластин бар зарурати идомаи талошҳо барои таваққуфи ҷиноёти режими саҳюнистӣ дар Ғазза таъкид кард.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Ҳусайни Амирабдуллоҳиён ва Зиёд Нахола панҷшанбе дар тамоси телефонӣ, охирин таҳаввулоти Ғазза ва Фаластин ва тарҳҳову ибтикорҳои матраҳ барои барқарории оташбасу табодули усароро мавриди баҳсу баррасӣ қарор доданд.

Ҳусайни Амирабдуллоҳиён дар ин гуфтугӯ, бар зарурати идомаи талошҳову таҳаррукоти фаластинӣ, минтақаӣ ва байналмилалӣ барои таваққуфи фаврии ҷиноёти режими саҳюнистӣ алайҳи мардуми бепаноҳи Ғазза, кумакрасонии инсондӯстона ба мардуми Фаластин ва мухолифат бо кӯчи иҷбории фаластиниён таъкид кард.

Амирабдуллоҳиён пойдориву истодагии миллату гуруҳҳои муқовимати фаластинӣ дар 4 моҳи гузашта бо вуҷуди ҷиноёти густардаи режими саҳюнистиро мояи ифтихор барои кулли ҷаҳони Ислом, озодихоҳони ҷаҳон ва башарият хонд ва таъкид кард: Миллати Фаластин ба унвони соҳибони аслии ин сарзамин ҳақ доранд дар мавриди сарнавишту ояндаи худ тасмим бигиранд ва ҳеҷ тарафе наметавонад иродаву тарҳҳои сиёсии худро аз берун бар онҳо таҳмил кунад.

Зиёд Нахола низ зимни қадрдонӣ аз ҳимоятҳои раҳбарӣ, раиси ҷумҳур, давлату миллати Эрон аз ормони озодии Фаластин ва Қудси Шариф, гузорише аз муқовимати қаҳрамононаи миллату гуруҳҳои фаластинӣ дар навори Ғазза ва Каронаи Бохтарӣ ироа ва таъкид кард, ки қатъан миллати Фаластин ва муқовимат пирӯзи ниҳоии набарди кунунӣ хоҳанд буду ишғолгарони саҳюнист роҳе ҷуз таслим дар баробари иродаи пӯлодини миллати Фаластин нахоҳанд дошт.

342/